Хушо Шерозу вазъи бемисолаш

Хушо Шерозу вазъи бемисолаш,

Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш.

Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ

Ки умри Хизр мебахшад зулолаш.

Миёни Ҷаъфарободу Мусалло,

Абиромез меояд шамолаш.

Ба Шероз ою файзи рӯҳи қудсӣ

Биҷӯй аз мардуми соҳибкамолаш.

Кӣ номи қанди  Мисрӣ бурд он ҷо,

Ки ширинон надонанд инфиъолаш?

Сабо з-он лӯлии шангули сармаст,

Чӣ дорӣ огахӣ, чун аст, ҳолаш?

Гар он ширинписар хунам бирезад,

Дило чун шири модар кун ҳалолаш!

Макун аз хоб бедорам, Худоро,

Ки дорам хилвате хуш бо хаёлаш.

Чаро, Ҳофиз ту метарсидӣ аз ҳаҷр,

Накардӣ шукри айёми висолаш?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед