Иди Рамазон муборак ! Шеъри табрикоти

Рамазон, эй маҳи бахшишу ато,
Моҳи фархундаи ёрони Худо.
Мо, ки дорем умед аз ту зиёд,
Аз ҷаҳон бар ҳамаи дарду бало.
Рафтанат бори дигар омадан аст,
Рафтану омаданат ҷашни вафо.
Раву аз Ёр давое бифирист,
То шавад гум қадами наҳси вабо.
Ғофил аз Ёр намонем дигар,
Нағз донем, хато аз худи мо.
Мо, ки аз лутфи Худо сабз шавем,
Гӯ, дигаргуна кунад обу ҳаво.
Шоҳидӣ, сахт парешон шудаем,
Заррае бурд зи мо айшу сафо.
Хоҳиш аз ту, Рамазон, эй маҳи пок,
Рав бигӯ ҳоли халоиқ ба Худо.
Муаллиф:

Шарҳи худро нависед