ИДИ ҲАҚИҚӢ
Дидам ба умри худ ман бисёр идҳоро,
Ҷашни ҷулуси шоҳон, милоди анбиёро.
З-он ҷашнҳо валекин як даста боз розӣ:
Дорои кону фабрик, сармояву арозӣ.
Дар ҷашнҳои пешин, атфоли халқи мискин
Мерехтанд бо дард аз дида ашки хунин;
Авлоди хасми онҳо, бо ҷомаҳои зебо,
Ҳар гуна неъмате буд бар хонашон муҳайё.
Буданд нимурён мардум, гуруснаи нон, —
Пас буд ҷашни доро, не коргар, на деҳқон.
Дунёи буржуазӣ имрӯз ҳам ҳамон ҷӯр
Ҷомаш пур аст ҳар ид аз хуну ашки муздур.
Акнун талош дорад селоби хун биборад,
Бар зидди майли мардум ҷанги наве биёрад.
Октябр иди халқ аст, бахти саиди халқ аст,
Дар роҳи сели бедод садди садиди халқ аст.
Тифле ба мулки Шӯро гирён барои нон нест,
Як пир ҳам дар ин ҷо маъюсу нотавон нест.
Ин аст иди заҳмат, иди вуфури неъмат,
Эй кош гардад ин ид бар халқи даҳр қисмат!
Ин ҷашни иқтидор аст, ки меҳри нурбор аст,
Ин марги ҷангу зулм аст, ҳомин сулҳу кор аст.
Ин ҳадяи Ленин аст, ин иди дилнишин аст,
Фахри ҳама замин аст, иди ҳақиқи ин аст.
Бар коргар муборак, бар ранҷбар муборак,
Бар халқҳои дунё сар то ба сар муборак!
1951.
Муаллиф: Абулқосими Лоҳутӣ