ИФТИХОР

Дар сафар гашт ҳамсухан бо ман
Аҷнабие, ки аз саломи ӯ
Бӯи дунёи кӯҳна меомад,
Сарду манфур буд каломи ӯ.
Гуфт бо ришханду истеҳзо:
– Кишвари пири ту ҷавон гаштаст,
Соҳиби илм гаштаю дониш,
Шӯҳраташ паҳн дар ҷаҳон гаштаст.
Бахт бикшодааст оғӯшаш
Модарона ба рӯи пиру ҷавон…
Лек аз миллатат чи осоре
Монда боқӣ? Барои ман фаҳмон!
Гарчи пир асту хурд кишвари ман,
Паст не эътибори миллии ӯ.
Сарбаланд аст халқи нодораш,
Ҳам баланд ифтихори миллии ӯ!…
Хостам гӯямаш, ки бонӣ кун
Дари онро, ки дод сутхонат.
Лек ором гуфтамаш:
– Бардор
Айнаки душманӣ зи чашмонат,
Бинигар, ки ливои миллиям
Бар сари кишварам парафшон аст.
Машъалеро, ки Рӯдакӣ афрӯхт
Шӯълааш дар дилам фурӯзонаст!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед