II
Хирадманд бошад падарро писар,
Аз ӯ хуш бувад халқу хуштар падар.
Писар гар падарро наку ёвар аст,
Баду некро мисли ӯ довар аст,
Бувад хидмати Меҳанаш сарвари,
Ба фардои Меҳан бувад бовари.
Ба Наврузи Меҳан — ба фархунда ид
Як арзанда наврӯзй омад падид:
Ҷонбахт як шаҳриёри ҷавон
Бишуд дар раҳи шаҳрдорй равон,
Ҳамон Рустам асту ба майдон шуда,
Ҷонмард ҳамхайли мардон шуда.
Чу аз пушти Ҷамшеди даврон бувад,
Ба ӯ баста уммеди даврон бувад,
Писар ҳамрадифи падар омада,
Зи роҳи шарифи падар омада,
Чунин ҳамдилу ҳамнигоҳи падар
Равон бод умре ба роҳи падар!
Дилаш бод саршори меҳри диёр,
Дар ин роҳ Раҳмон варо бод ёр!
Душанбе аз ӯ бод ободтар,
Душанбегӣ аз хидматаш шодтар,
Дили Меҳан аз ӯ фараҳманд бод,
Падар шод аз ӯ, халқ хурсанд бод!
Шарҳи худро нависед