ИЛҲОМ АЗ «ШОҲНОМА» ПИСАРИ ҲАЖДАҲУМИ КОВА
Одамизод ҳанӯз озурдаст
Аз ҳама ҷангу ҷадалҳои қадим.
Одамизод ҳанӯз ошуфтаст
Аз ҳама шуришу балвои қадим.
То абад одамӣ хундор бувад
Аз ҳама душмани аҷдодонаш.
Кини меросии ӯ хоҳад монд
Дар сиришти ҳама авлодонаш.
Гарчи Заҳхок бувад баста ба кӯҳ,
Гарчи ақл аст кунун гетифурӯз,
Анқариб аст шавад туъмаи мор
Писари ҳаждаҳуми Кова ҳанӯз.
Коваи досгару чаккушсоз
Оҳанеро паи қатле нагудохт,
Лек то хаст ниҳеби Заҳхок,
Ханҷару гурзи гарон хоҳад сохт!
Кова зиндасту нахоҳад мурдан,
Ҷони худро зи қазо бирҳонад,
То зи Заҳҳоки ҳама давру замон
Кини ҳабдах писараш настонад.
Кини ӯ нест факат дар дили ӯ,
Кини ӯ дар дили ҳар инсон аст.
Кова як Коваи Фирдавсӣ нест,
Кова исёнгари ҳар даврон аст.
Хоса имрӯз, ки як он кофист.
То шавад зеру забар кулли ҷахон;
Хоса имрӯз, ки имос бас,
То шавад қасри тамадду н вайрон —
Кова ҳушёртару зиндатар аст,
Муштҳо гурзаи пуробтаранд.
Алхазар. холигарони Заххок
Пнсари ҳаждаҳу машро набаранд.
Гурз месозаду омодаи кин
Кова дар рӯи ҷахон бедор аст.
Доғи ҳабдаҳ писараш чизе нест,
Доғи абнои башар бисёр аст…
Монда дар таҳлукаи биму бало
Меравад деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр,
Мезанад бар даҳани ҳар Заҳҳок,
Мекашад кини ҳама мардуми даҳр.
Ме равад деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр,
То ҳама сулҳу сафоҷӯ бошанд.
Ҳама абнои башар, пиндорй,
Писари ҳаждаҳуми ӯ бошанд…
1976