Илоҷи иллати носури миллат

Дар ин дунё, ки эҷоди тазод аст,
Ба кавли Рӯдакӣ, абр асту бод аст.
Паи одамгарӣ фурсат надорем,
Паи ноодамӣ фурсат зиёд аст.
Ҷаҳон аз мо батар овора будаст,
Ҳама зӯровараш бечора будаст.
Тамомӣ кай бувад ангораҳоро?
Тамоми зиндагй ангора будаст.
Бигӯ, ҷамъу парешон меравам ман,
Бигӯ, хандону гирён меравам ман.
Аз ин дунёи печутоби дилҳо
Чу дарё печпечон меравам ман.
Гусастӣ ту ҳама пайванди миллат,
Шикастӣ ту ҳама савганди миллат,
Ба фарзандони миллат додӣ иллат,
Яке дидам: шудӣ фарзанди миллат.
Худоё, бар ҳама худношиносон
Худогоҳӣ бидеҳ ё марги осон,
Дилам з-он раҳбари коно гирифтаст,
Ки мехонад Хуросонро хурӯсон.
На аз роҳи ягон мактаб гузаштй,
На аз қонуни тобу таб гузаштӣ.
Чу андар мазҳабат одамгарӣ нест,
Барои мансаб аз мазҳаб гузаштй
Чу истиклоли роҳи худгарат нест,
Паридан хоҳӣ, аммо шаҳпарат нест.
Ба рӯи сина дорй ду ситора,
Вале дар осмон як ахтарат нест.
Сиюра медурахшад рӯи сина,
Даруни сина пур аз бупу кина.
Аҷаб дорам. чй сон нн пасгфи^рат
Ба боло меравад зина ба зина?
Яке дидам аз ӯ берӯтаре нест,
Аз ӯ бадкештар, бадхӯтаре нест
Ьа рӯи дил нишони қаҳрамонӣ,
Даруни дил аз ӯ гарсутаре нест.
Яке ҷӯяд нишони модарашро,
Дигар бистонад аз модар зарашро.
Чу як шамшерзан сар барфарозад,
Дусад кафгирзан кӯбад сарашро.
Ало, эй ҳамватан, хоҳам камолат,
Вале аз ин сухан н-ояд малолат:
Зи тундар осмон таркид, аммо
Ту дар хоби гаронй, хуш ба ҳолат’
Ало. мардум, шавам қурбони шонаг,
Фикан бори ғуломиро зи шона-т
Дихӣ бар дасти инон гар пнонат,
Рабоянд аз дахон як бурда ноназ
Миёни мову ту ваҳплт набошад,
Гунохе мӯҷиби нафрат набошад
Илоҷи иллати носури миллат
Ба ҷуз вахдат ба ҷуз вахдат набошад.
Ту худнашнохта. худнозият чист?
Сарн хар бом парчымботият чист?
Дахон пуркафк аядар рохи миллат
Чу дар сар акл не, сарбошят чист’

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед