ИЛТИҶО
Гарчи гардам камбаҳо ман бе ту, ёри бебаҳо,
Гарчи бе ту нест истеъдодаму завқу даҳо,
Гарчи ҳар як ибтидоям бе ту бошад интиҳо,
Ту маро аз худ раҳо кун, ут маро аз худ раҳо.
Гарчи бе ту бар сари ман осмон ояд фурӯ,
Ҳам шавад шаш қитъаи олам ба чашмам зеру рӯ.
Гар туро бошад азизе, сад қасам бар ҷони ӯ,
Ту маро аз худ раҳо кун, ту маро аз худ раҳо.
Гарчи боди субҳ н-орад аз ту бар ман бӯйи ҷон,
Гарчи бе ту хушк гардад рӯду дарёи дамон,
Зулфи маҷнунбедҳо гарчи шавад хушку хазон,
Ту маро аз худ раҳо кун, ту маро аз худ раҳо.
Гарчи ҳаргиз бе ту нашкуфад баҳори дери ман,
Гирадам банди гиребон ишқи домангири ман,
Бахти лотақсири ман ё дарди лотасвири ман,
Ту маро аз худ раҳо кун, ту маро аз худ раҳо.
Баста бошад рӯйи олам чун дарат бар рӯйи ман,
Лек ногаҳ дар кушоию бигӯйӣ сӯйи ман:
«Тоқати дигар надорам, ҳамдили дилҷӯйи ман,
Ту маро аз худ раҳо кун, ту маро аз худ раҳо!»
***
Ту маро ҳеҷ мапурс,
Ки чаро ман худу бехуд ҳама шаб мегардам
Ҳамчу раҳгумзада овораи раҳҳои дароз,
Ё чу сайёра, ки як шаб зи мадор афтода,
Натавонад ба мадор ояд боз.
Ту маро ҳеҷ мапурс.
Ту маро ҳеҷ мапурс,
Чун бубинӣ ба таҳи шохаи анбӯҳи дарахт,
Дур аз чашми чароғ
Як нафар лаб ба лаб асту дигар ангушт ба лаб,
Як нафар дар бари ёру дигаре бо ғами ёр
Хилвате ёфта дар хилвати шаб.
Ту маро ҳеҷ мапурс.
Ту маро ҳеҷ мапурс,
Ки чаро хандаи хуршед маро озорад,
Нағмаву чаҳ-чаҳи мурғон нарасад бар гӯшам,
Ки чаро ҳамраҳи мастон ҳама ҷо ҳушёрам,
Лек бо мардуми хушёр чаро мадҳушам.
Ту маро ҳеҷ мапурс.
Ту маро ҳеҷ мапурс,
Аз чӣ з-ин пайраҳа дигар натавонам бигузашт,
Рӯйи ин сабзаи наврас натавонам бинишаст
Ва ба ин селаи мурғон натавонам нигарист,
Аз чӣ з-инҳо натавонам на гусасту на бираст.
Ту маро ҳеҷ мапурс.
Ту маро ҳеч мапурс,
Ки чаро кафтари танҳо наравад бар гардун,
Сина сойида ба абри гузарон,
Ки чаро дар лаби пориса нишинад маҳзун
Зору бе кур-куру дурр аз дигарон.
Ту маро ҳеҷ мапурс,
Ту мароҳеҷ мапурс…