ИЛТИҶО
Ту, ки атвори хушу чеҳраи зебо дорӣ,
Қудрати тозанигаҳдории дунё дорӣ.
Метавонӣ сабаби бахти ягон ёр шавӣ,
Сабаби зиндагию шодии бисёр шавӣ.
Ба дили сӯхтае меҳру муҳаббат орӣ,
Ҷои навмедӣ бузургию мақомат орӣ.
Пас, чаро ҷои чунин марҳамат, эй ёри азиз,
Ранҷу озор раво дорӣ ба дилдори азиз?
Ҷои он ки сабаби зиндагӣ бошӣ ту, чаро
Хуни дил хӯрдани ошиқи худ дорӣ раво?
Розӣ шав, то ки ба ман зиндагӣ оғоз шавад,
Даст деҳ, то дилам аз ишқ сарафроз шавад.
9.6.1962
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
Шарҳи худро нависед