Имрӯз муқими хонаи гӯр шудем
Мо фарри каён наҷуста фарту т шудем,
Аз хонаи гаҳвора ба тобут шудем.
Бар олами лохут набурдем раҳе,
Нобуд дар ин олами носут шу дем.
Дирӯз миёни халқ манзур шудем,
Имрӯз зи ҷамъи зиндагон дур шудем.
Дирӯз муқими хонаи нур будем,
Имрӯз муқими хонаи гӯр шудем.
Якчанд зи бода масту махмур шудем,
То як нафас аз ғами ҷаҳон дур шудем.
Мо хотири як мӯр намеранҷондем,
Фарҷом бубин, ки туъмаи мӯр шудем.
Қандили баланд буда, бенур шудем,
Аз ҳалқаи базми хосагон дур шудем.
Буданд сагон маст ҳама аз қайи мо,
Муҳтоҷ ба хӯшаи сагангур шудем.
Аз чашми ту ман хумори дил мехоҳам,
Аз хандаи ту шарори дил мехоҳам.
Бигзашта баҳори ошиқиям, аммо
Аз чеҳраи ту баҳори дил мехоҳам.
Овози туро зи сад ҷаҳон мешунавам,
Бо гӯши дилу ба гӯши ҷон мешунавам.
Овози ту гар зи бог и гулҳо ояд,
Аз байни садои булбулон мешунавам.
Сарви ту ба ноз омадан мегирад,
Умри сари ман саромадан мегирад.
Пироҳани таннамо чу бар тан пӯшй,
Ҷон аз тани ман баромадан мегирад…
То чанд барои ҳамдигар гӯр шавед,
Ёрону бародарон, ба ҳам ҷӯр шавед.
Гар қадри бародарӣ надонед, яқин
Нону намаки халқ занад, кӯр шавед…
Боз омаданат зи ғамгусорӣ набувад,
Изҳори вафову ҷонсупорӣ набувад,
Дар гулшани тирамоҳ бишкуфтаӣ ту:
Афсӯс, туро бӯи баҳорӣ набувад.
Ошиқ ба нигори хеш оина нашуд,
То дилбараш оинаи рухро нанамуд.
Зеро ки ба ду чашми ҷаҳонбин одам
Бе оинае надид пушти сари худ.
Имрӯз, ки бо ту ҳаст фарёдрасе,
Сармасти ғуруру айшу нӯшу ҳавасӣ,
Бар қадри тамоми чизи хурдеву бузург
Он гаҳ ки зарур асту наёбӣ, бирасӣ.
Олам чу сафар ба сӯи фардо дорад,
Роҳе ба мароми кишвари мо дорад.
Бадхоҳ куҷо шавад варо садди раҳе,
Ин хас натавонад раҳи дарё дорад.
Ҳуснат зи шараф камол мегирад, ёр,
Рӯят зи дилат ҷамол мегирад, ёр,
Ошиқ зи дили чу ашки кӯдак софат
Хушбахтии безавол мегирад, ёр.
Ӯ рӯд набуду лек туғён мекард,
Ху ршед набуду нур эҳсон мекард.
Як бину бисӯз гуфта беҳарфу садо
Баргаппа назар фиканда ҷавлон мекард.