Имрӯз туро қасри забарҷад созанд

Чун даргузарам, рӯҳи маро шод бикун,
Номам ба забон биёру фарёд бикун.
Ҳар гоҳ, ки ҷоми май фитод аз дастат,
Аз ҷоми шикастаи дилам ёд бикун.
Дардо, аламо, ки оқибат мемирам,
Беҳуда бувад пеши аҷал тадбирам,
Доруи намурдан аст мурдан хушном,
Ман қасди аҷалро зи амал мегирам!
Имрӯз туро қасри забарҷад созанд,
Таъриф кунанд, аз ту Муҳаммад созанд.
Чун даргузарему гӯрҳамсоя шавем.
Қабри ману ту баробаои қад созанд. 
То чанд ту ганҷи бостон меҷӯӣ?
Истораи нав ат осмон меҷӯӣ?
Ман ахтари тобонаму ту бебасарӣ,
Чун даргузарам, маро чй сон мсҷӯй?
Онқо, ки надоранд сару мағзи тамом,
Гиранд ҳама ҳалоли моро ба ҳаром.
Онҳо, ки ба кори нек кӯтахдастанд,
Бар туҳмати мо забондарозанд мудом.
Дар даҳр яке моҳу яке чоҳ шавад,
Гумроҳ якеву дигаре роҳ шавад.
Ҳар фард дар ин ҷаҳон макоме дорад,
Якчашма ба шаҳри кӯрҳо шоҳ шавад.
Ҳар кас ба ҷаҳон вазифадор омадааст,
Ё баҳри вазифа интизор омадааст.
Гӯё ҳамаро ба рӯи раҳ модар зод,
Зеро ҳама кас ба чашми чор омадааст.
Афсонаи ман ба кӯю бозоре нест,
Парвонаи ман ба шамъи рухсоре нест.
Як ёр маро ба гайри ман дӯст надошт,
Ҷуз ман зи барои ман вафодоре нест.
Гар бори дигар ҷавонй оғоз кунам,
Пинҳон биравам ба кӯят, овоз кунам.
Ёбам дили ту аз дили шаб то сари субҳ,
Чашми саҳаре зи чашми ту боз кунам.
Онҳо ки ба макри ишқ ёрат шумаранд,
Махмур ба чашми пурхуморат нигаранд,
Мағрур машав, ки меҳрубонони дурушт
Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед