Имрӯз туро пиру ҷавон медонад
Гар ёд кунад маро дили шайдое,
Гӯед, нишаста гар лаби дарёе,
Бар оби равон бингараду дарёбад,
Ҷорӣ шудани зиндагии дунёӣ.
Имрӯз туро пиру ҷавон медонад,
Гардун ба сарат ситора меафшонад.
Чун даргузарӣ аз ин ҷаҳон, дасти замон
Девони туро саҳифа мегардонад.
Якумр миёни оташу обам ман,
Аз тобиши ранги умр бетобам ман.
Ноёфтаам накӯтар аз ёфтаҳост,
Хуршедмисол аз паи маҳтобам ман.
Якчанд таронаҳо тараннум кардем,
Бар ҷониби хуршед табассум кардем,
Ҳар қадр сафои умр ҷустем зи даҳр,
Он қадр бақои умрро гум кардем.
Пирони хирад ба ҳар замоне буданд,
Бар миллати хеш тарҷумоне буданд.
Гар ҳикмати халқ ганҷи бесоҳиб буд,
Онҳо ба мисоли посбоне буданд.
Онҳо, ки асоси қасри олам буданд,
Гулдаст, вале ба чашми пурнам буданд.
Афрохта бас манораву кунгураҳо,
Худ содаю хоксору сархам буданд.
Онҳо, ки ба мо дарси шараф ёд диҳанд,
То ваъда ба мо ҷаҳони обод диҳанд.
Хоҳанд зи мо шикастанафсӣ имрӯз,
Чун даргузарем, пас мукофот диҳанд.
Он, к-ӯ шикам аз музди сухан сер кунад,
Дар гуфтани шеъри вақт таъхир кунад.
Аз баъди қарори маҷлису кунгураҳо
Пайваста ду-се калимаро, шеър кунад.
Дар хилвати рози ошиқон будам ман,
Ҷомеву лабеву комрон будам ман.
Ҳарчанд хамӯшу ноаён будам ман,
Монанди шумо дар ин ҷаҳон будам ман.
Подоши муҳаббатат маломат бошад,
Подоши садоқатат хиёнат бошад.
Мобайни садоқату хиёнат ҷоест —
Он ҷой гузин, дар он саодат бошад.
Якумр ғуломи. чокари дил будам,
Дил буд чу рӯду ман чу соҳил будам.
Он қадр ба ҳукми дил чашидам талхӣ,
К-аз айшу нишоти умр ғофил будам.
Ин хона барои мову ту сохтаанд,
Бо хуни ҷигар накӯш пардохтаанд.