Имшаб ту омадӣ…
Имшаб ту омадӣ…
Имшаб ту омадӣ,
Имшаб ту омадӣ ба раҳи рӯшани хаёл,
Имшаб ту омадӣ ба навои ҳазини дил,
Имшаб ту омадӣ ба ҳавои суруди ман,
Имшаб ту омадӣ ба ҳавои дуруди ман.
Имшаб ту омадӣ ба раҳи рӯшани хаёл,
Имшаб ту омадӣ ба ҳама ҳусну он ҷамол
Имшаб ту омадӣ ба раҳи қиссаи завол,
Имшаб ту омадӣ ба раҳи ҳиссаи камол,
Имшаб ту омадӣ ба навои ҳазини дил,
Имшаб ту омадӣ ба раҳи пуркамини гил,
Имшаб ту омадӣ
Имшаб ту ҷон шудӣ,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба тани рафтаҷони ман,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба ҳамоҳангии замон,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба суханҳои мурдарег,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба суханҳои бурдарег.
Имшаб ту ҷон шудӣ ба тани рафтаҷони,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба умеди ниҳони ман,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба нишони нишони ман,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба ҳисобу гумони ман.
Имшаб ту ҷон шудӣ ба ҳамоҳангии замон,
Имшаб ту ҷон шудӣ ба дусадрангии ҷаҳон,
Имшаб ту ҷон шудӣ.
Имшаб ту омадӣ,
Имшаб ту ҷон шудӣ,
Имшаб ту меравӣ,
Имшаб ту меравӣ ба ҳама навбаҳори ман,
Имшаб ту меравӣ ба самои ситоразор.
Имшаб ту меравӣ ба равони равоншинос,
Имшаб ту меравӣ ба ҷаҳони ҷаҳоншинос.
Имшаб ту меравӣ ба ҳама лолазори ман,
Имшаб ту меравӣ ба ҳама навбаҳори ман,
Имшаб ту меравӣ ба ҳама чашмасори ман,
Имшаб ту меравӣ ба ҳама нағмазори ман.
Имшаб ту меравӣ ба табассуми обдор,
Имшаб ту меравӣ.
Имшаб ту омадӣ,
Имшаб ту ҷон шудӣ,
Имшаб ту меравӣ.
Имшаб ту меравӣ.
Бе моҳу бе ситора шабамро саҳар кунам,
Хоке ба саҳар кунам,
Зеро ки офтоб дигар пушти абрҳо
Побаста меравад,
Оҳиста меравад,
Бас хаста меравад,
Бишкаста меравад.