Имшаб

Хама хобанду ман гирёнам имшаб.
Гирифтори азоби ҷонам имшаб
Дурахши моҳро мебинам аммо
Дуҷори гафлату зулмонам имшаб
Зи сели шури ашки порарезам
Бишуям оразу миҷгонам имшаб
Сукути пургалогул дорам аммо
Намедонад касе исёнам имшаб
Зи дасти ёри бепарвои бераҳм
Гирифтори гами ҳиҷронам имшаб
Чи донад ёсамини ёрбозам
Ки дар зиндони гам зиндонам имшаб
Ало эй гулбадан хуш бошу хуррам
Ки дар васфат сано мехонам имшаб
Фидоят бод мисли хар шаби кабл
Бароят синаи бирёнам имшаб
Намеои ки аз нури ҳузурат
Дурахшон то шавад домонам имшаб
Ту сармастиву бепарвову бедил
Вале ман оташи сузонам имшаб
Саид аз руи дафтар хома бардор
Ки ифшо мекунад пинҳонам имшаб

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед