Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидаст, ки мо.
Миллате зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург
Ин қадар зиллату хорӣ накашидаст, ки мо.
Миллате дар раҳи такдир бад-ин танҳоӣ
Ба чунин вартаи муҳлик нарасидаст, ки мо.
Миллате аз қалами рафта бар аъмоли башар
Ин қадар бӯи уқубат нашамидаст, ки мо.
Миллате беҷиҳате бо сари пуршӯру баланд
Дар сари дори аҷониб натапидаст, ки мо.
Ҳеҷ қавме ба чунин нокасию нохалафӣ
Хуни ҳамхуни худашро намакидаст, ки мо.
Миллате дар ҳама айём бад-ин бешарафӣ
Синаи модари худро набуридаст, ки мо.
Ҳеҷ кас зери ниқоб омада баҳри зару сим,
Ҷигари ҳамнасабашро надаридаст, ки мо.
Ҳеҷ фарДе зи сари кин ба ҷигаргоҳи падар
Дашнаи ташнаи хунро нахалидаст, ки мо.
Оҳу афсӯс, ки дар ҳошияи таърихем,
Ин ҳама фоҷиаро даҳр надидаст, ки мо.
1994

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед