Ин кӯчиёни
Ин кӯчиёни хокираҳ пур хоки моро бехтанд,
Аз дори мо бар хурдаву моро ба дор овехтанд.
Нахле насабзонидаву карданд моро решакан,
Бо хуни мо омехта, моро ба хун омехтанд.
Боре бидон, эй ҷони ман, бечора тоҷикон чаро
Бар кӯҳҳову дарраҳо ҷон рӯи каф бигрехтанд…
Шарҳи худро нависед