Ин қадар ту зебоӣ

Ин қадар ту зебоӣ,
Ин қадар дилороӣ,
Қуввати дили моӣ,
Нури чашми биноӣ,

Водии Ҳисори ман,
Мулки зарнисори ман.

Пахтаи ту тилло шуд,
Мардумат тавоно шуд,
Шӯҳратат дуболо шуд,
Гӯшрас ба дунё шуд.

Водии Ҳисори ман,
Мулки заринисори ман.

Ватан аз ту шуд розӣ,
Хурраму сарафрозӣ,
Дар замони колхозӣ,
Ваҳ, чӣ хуш, ки менозӣ,

Водии Ҳисори ман,
Мулки зарнисори ман.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед