Ин

Ин хок мисоли модарон мегиряд,
Дар мотами хокхуфтагон мегиряд,
Ҳар роҳ, ки нақши бад гузоранд бар ӯ,
Дар зери қудуми нокасон мегиряд.
То ҷоми диле ба дасти ёре нашикаст,
Армони диле зи дӯстдорӣ нашикаст.
Ҳарчанд ки зиндагӣ гулоби талх аст,
Бисёр чашидему хуморе нашикаст.
Дилро ба қумоши ишқ савдо кардам,
Дар синаи гарми шавқ маъво кардам,
То он ки дар ин ҷаҳон биёбам ҷое,
Худро зи ҷаҳони хеш пайдо кардам.
Онҳо, ки ба қасди моҳ шабтоб шуданд,
Маҳтоб чу рух намуд, ноёб шуданд.
Як лаҳза ба саҳни зиндагӣ дод зада,
Чун одами барфӣ дарзамон об шуданд.
Он кас, ки диле наҷуст, кай дил шиканад?
Бадбӯй гуле касе зи гулбун наканад.
Дар роҳ намонад он, ки худ роҳӣ набуд,
Он кас, ки раҳе наҷуст, раҳгум назанад.
Онон, ки ниҳоди поку имон доранд,
Чун шуъла забони оташафшон доранд,
Аз одами шабкӯр надоранд гила,
Аммо гилаҳо зи рӯзкӯрон доранд.
Май рез, ки ҳолиён суруд андозанд,
Аз пастии мастӣ сар ба арш афрозанд.
Ту ҷом наӣ, ки андар ин базми ҳаёт
Чун холӣ шавӣ, зи нав лаболаб созанд.
То тоза шавему тозабунёд шавем,
Бо оташи ишқи пок ҳамзод шавем.
То он ки шавем аз ғуломӣ озод,
Бояд зи ғуломии худ озод шавем.
Гоҳе ба мисоли қарзхоҳони хасис

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед