ИН ЧӢ ЗАМОН АСТ…

Замонеро бубин, к – ин чӣ замон аст,

Ба сӯи тирагӣ, биллаҳ, равон аст.

 

Агар одамгарӣ хоҳӣ, ки донӣ,

Баякдигар рақибу беамон аст.

 

Сухан гӯяд аз инсофу диёнат,

Амал пурсӣ агар, пури зиён аст.

 

Ба зоҳир бингарӣ инсони зебо,

Ба ботин  — сангдил, номеҳрубон аст.

 

Ҳазорон солҳо кобад камолаш,

Ба маънӣ он ҳамон асту ҳамон аст.

 

Ғуруре дорад ӯ аз кашфи кайҳон,

Вале қалбаш барои худ ниҳон аст.

 

Чӣ нолиш дорӣ, эй Дуст, ки бингар

Ҳама аз зиндагӣ озурдаҷон аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед