Интернет қиммат шудаст!

Боло рафтай очаҷон
Нархи интернети мо,
Ин приёма дар ҷаҳон,
Ҳаргиз касе накардаст.

Ман китоби гинесро,
Даъват кунам биёянд,
Ин рекордро сабт кунанд
Дар ҷаҳон маъруф кунанд.

Акнун мардуми бепул
Аз алоқа маҳрум шуд.
Студентони бечора,
Саргардону овора,

Симкартара ҳармоҳа
Сий сомонӣ супорам
Баъди дарси тӯлонӣ
Пиёда хона равам.

Бечораҳолӣ дорам,
Дар илму хабар зорам,
Пули каме, ки дорам,
Ба ки диҳам ҳайронам.



Шарҳи худро нависед