ИНТИХОБ

Сипарда ними роҳамро,
Расидам бар сари роҳе, ки дар санг
Ин сухан ҳак буд:
«Равию боз гардӣ, лек бемақсуд»,
«Равию барнагардӣ, лек бомақсуд».
Ду хат сӯйи ду роҳи саъб ишорат дошт бепарво.

Синони тирхатҳо дар дилам даррафт,
Ду поям монд аз рафтор, биншастам
Ва кардам тоза гарди сангро бо охирин уммед,
Ки шояд чашми ман дар санг ҳарфи дигаре бинад.
Вале ҳар қадр медидам,
ҳамон медид:
«Равию боз гардӣ, лек бемақсуд»,
«Равию барнагардӣ, лек бомақсуд»,
Ду хат сӯйи ду роҳи саъб ишорат дошт бепарво.

Гарон мондам,
Гаронам буд зи ҷо бархостан,
рафтан,
Гаронтар буд биншастан.
На тобу тоқати хомӯш мондан буд,
на ёрои сухан гуфтан,
Фақат оҳе даруни сина мепечиду мепечид бефарёд
Ва аз сӯйе набуд имдод.

Ду роҳе, к-он на нафрин дошт, на таҳсин,
Фақат огоҳ мекард он ки дар фарҷом ҳосил буд,
Якеро мақсади беумр,
Дигарро умри бемақсуд
Ва курси офтоб аз гӯшаи гардун ҳамоил буд.

Агар умр аст ширин раҳ ба ҷуз роҳи нахустин нест,
В-агар ширин бувад мақсуд, роҳи ту раҳи сонист.
Чӣ кор ояд валекин мақсади беумр,
Ки гар ёреву дидорест, бо умр аст,
Ки гар ишқеву дилдорест, бо умр аст.

Вале бардоштам гом аз раҳи сонӣ,
Гузаштам аз бисоти зиндагиву умри нотакрор,
Куҷоӣ лек, эй мақсуд,
эй мақсуди безинҳор?!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед