ИШҚИ ТУ
Бе суҳбати ту ҷаҳон нахоҳам,
Яъне, ки дигар ҷон нахоҳам.
Гар ҳастии ман ту мебихоҳӣ,
Бе номи ту ман амон нахоҳам.
Ҷонро бидиҳам ба як нигоҳат,
Лекин зи ту ройгон нахоҳам.
Ман боғу биҳишти ин ҷаҳонро
Бе номи ту ҷовидони нахоҳам.
Чун хеш ба ман назар намудӣ,
Ман хешии ту ниҳон нахоҳам.
Як умр агар ту ёр бошӣ,
Ман ёрӣ аз ину он нахоҳам.
Гӯё, ба ту шуд аёну маъдум,
Дигар зи ту манн аён нахоҳам.
Шарҳи худро нависед