Ишк мурду зиндагиям мурдагист
Ёр рафту интизораш мондаам,
Умр рафту дар шумораш мондаам.
Ишк мурду зиндагиям мурдагист,
Устухоне — ёдгораш мондаам.
Оташи дил мурд андар синаам,
Ман чу дуде аз шарораш мондаам.
Шишаи холӣ ба дарё рафту ман
Бо дили холӣ канораш мондаам.
Сад ҳазорон орзуям хок шуд,
Ман яке аз сад ҳазораш мондаам.
Эй басо ҷон шуд нисори зиндагӣ,
Банда ҳам баҳри нисораш мондаам.
Зиндагӣ ҷорист сӯи ҷовидон,
Мӯлае дар раҳгузораш мондаам.
1982
Шарҳи худро нависед