Ишку мухаббат чист?

Эй ишқ, эй тараннуми номат таронаҳо,
Маъшуқи ошнои ҳама ошиқонаҳо,
Эй маъни ҷамол ба ҳар сурате ки ҳаст
Мазмуну муҳтавои тамоми таронаҳо

Бо ҳар насим, даст такон медиҳад гуле
Ҳар номае зи номи ту дорад нишонаҳо
Ҳар кас забони ҳоли худашро тарона гуфт:
Гул бо шукуфа, хушаи гандум ба донаҳо

Шабнам ба шарму субҳ ба лабханду шаб ба роз
Дарё ба мавҷу мавҷ ба реги каронаҳо
Борон қасидаест тару тозаву равон
Оташ таронаест ба забони забонаҳо
Аммо маро забони ғазалхонии ту нест

Шабнам чигуна дам занад аз бекаронаҳо
Куча ба куча сар задаам ку ба кӯи ту
Чун ҳалқа дар ба дар задаам сар ба хонаҳо
Як лаҳза аз нигоҳи ту кофист то дилам
Савдо кунад даме ба ҳама ҷовидонаҳо

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед