ИСТИҚБОЛ

Оламу одам бувад фобастаи иқбол, бин,
Гар яке ҳоли забун, войи дигар аҳвол, бин.

Дар миёни ҷангу тӯфон мекунад олам фиғон,
Одаму маймун шуда гирён кунун, ин ҳол бин.

Не Арал пур шуд зи обу баъди он гардид хушқ,
Не гиёҳе ёфт халқи соҳили бар мол, бин.

Гулшану ҷаннат макон дидем вақте воҳаро,
Шуд кунун саҳрои маргу чӯлро тимсол, бин.

Аз куҷое шӯра баста хок аз дастони ҷаҳл,
Одамӣ мӯҳтоҷ баҳри хӯрданӣ мисқол, бин.

Аз заволаш бехабар бунёд кард одам атум,
Бар аҷал дод ихтиёраш, нағмаи Даҷҷал бин.

Хайрият, аз байни мардум бо тафаккур ёфт шуд,
Гуфт: «Осуда зием, одамкушӣ ӯбол!» Бин.

Чашми уммедат кушо, Ӯлмас, расад рӯзи накӯ,
Аҳли кишвар меравад бо роҳи истиқбол, бин.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед