Ҳизби халқ

То замоне, к-ин ҷаҳон бекизб нест, Миллате беҳизб нест.
Ҳизби ҳар миллат нахуст озоди аст, Кӯшиши ободи аст.
Рустан асту аз ҷудоӣ растан аст, Бастану пайвастан аст.
Хешро аз хеш пайдо кардан аст, Зеби дунё кардан аст…
Тикистон ҳам чу истиқлол ёфт, Мурғи бахташ бол ёфт,
Кӯшиши парвоз кард, аммо дареғ,
Тир хурду хурд теғ.
Хест бар по он замон ҳизби Ватан, Бо Ватан шуд ҳамбадан.
Аҳли ному нанг шуд аъзои он, Сози ҳақ — овои он.
Ин Ватанро аз дигар иқбол дод, Сӯи бахташ бол дод.
Халқро бинмуд аз нав сарбаланд, Дар ҳама даҳр арчманд.
Шуд батадриҷ асли ҳизби бахти халқ, Хостори тахти халқ.
Мақсадаш амну бақои халқ шуд, Худ садои халқ шуд.
Узви он ҳам аз азал халқ асту бас,
Такядори бебадал халқ асту бас.
Даркушода-ст ону дилбикшода аст,
Ҳамчу халқ озода аст.
Мақсадаш солории мардум бувад, Ёрии мардум бувад.
Ҳизби серии дил асту дидаҳост, Ҳизби меҳр асту вафост.
Ҳизби насли навҷавони кишвар аст, Чумларо болу пар аст.
Ҳизби сабзиш, хизби боғу гулшан аст, Ҳар хазонро душман аст.
Ҳизби дур аз даъвии мовуманист, Ҳизби нуру рушанист.
Ҳизби сарҷамъии халқ асту диёр, Ҳизби бунёд асту кор.
Тикистонро кунад азмаш ҷавон, Сарбаланди ҷовидон.
Бо Ватан, хуллас, ки ҳамҷон аст он, Ҳизби халки Тикистон аст он.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед