НЕСТ БОД ҶАНГ
Дирӯз омад муждае
Аз шаҳри Порижи қашанг:
“Сулҳи ҷаҳон ёбад зафар,
Гирем пеши роҳи ҷанг!”
“Ҷанги ҷаҳон нест бод!”-
Бишнид гӯши осмон,
Асло намехоҳем мо
Сузад гул андар бӯстон.
Бигзор бар гӯши чаман
Хонанд мурғони саҳар,
Моно, ки савти сулҳҷӯ
Фараҳманд Хуршеду Қамар,
Модар ба фарзанди азиз
Асло нахоҳад маргро,
Асло надорем орзу
Сӯзад деҳоту шаҳрҳо.
Дарё нахоҳад сӯтан,
Саҳро нахоҳад сӯхтан,
Он кист созад бенасиб
Аз хоби роҳат тифли ман?
Шеван набардоранд дур
Аз ёри ҷонӣ духтарон.
Бигзор бошанд ошиқон
Андар канори дилбарон!
Ҳаргиз нарезад ашки худ
Хоҳар барои додараш,
Модар зи дурии писар,
Зан барои шавҳараш!…
Бо мост сар то пои даҳр,
Бо мо бувад аҳли ҷаҳон.
Он кист дорад ҷуръате
Гардад ба зидди мо равон?!
Омад аҷаб некӯ хабар
Аз шаҳри Порижи қашанг:
“Сулҳи ҷаҳон ёбад зафар,
Гирем пеши роҳи ҷанг!”
Муаллиф: ГУРЧАРАН РАМПУРӢ