Ҷанги ҳафтоду ду миллат

Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,

Гили одам бнсириштанду ба паӣмона заданд.

Сокинони ҳарами сатру афофи малакут,

Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.

Осмон бори амонат натавонист кашид,

Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.

Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,

Чу надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.

Шукри Эзид, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,

Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.

Оташ он нест, ки аз шӯълаи ӯ хандад шамъ,

Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.

Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,

То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед