
ҶАШНИ ФАРРУХ
Ҷаҳон анҷуман шуд барии тахти ӯй,
Аз он баршуда фарраи бахти ӯй,
Ба Ҷамшеди-бар гавҳар афшонданд
Мар он рӯзро рӯзри нав хонданд.
Сари соли нав Хурмузи фарвандин,
Баросуда аз ранҷ рӯӣ замин.
Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифӯруз
Бар он тахт биншаст фирӯзрӯ.
Бузгургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромигарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Магар хост андар ҷаҳон растахез,
Ки бифрӯхтӣ оташи меҳр тез.
Ки ман солиён боб ад-ин марзғор
Ҳаме ҷашни нав созам андар баҳор
Шарҳи худро нависед