МО ҶАВОНИИ ҶАҲОНЕМ
Ҷумла як тан гашта мо бархостем,
Баҳри ҳифзи навҷавони ҷаҳон.
Ҷумла як тан гашта, мо бархостем,
То намонад ҷангро ному нишон.
Дӯст медорем ом рӯзи баҳор,
Ҳам шукуфтанҳои гул дар бӯстон.
Барвазад моро насими дӯстӣ,
Қудрати мо ҳаст чун баҳри дамон.
Дар фазои орзуҳои накӯ
Чун кабӯтар мепарем озод мо,
Ҷумла чи тан гаштаю бархостем
Зидди ҷабру зулму истибдод мо.
Мо намехоҳем сӯзонанд боз
Дашту саҳроҳои сабзу босамар.
Мо наметарсем аз таҳдид ҳам,
Дур андозем ҳар хавфу хатар.
Хешро қурбон набинмонем мо,
Пур шавад то қиссаи сармоядор.
Ҷумла як тан гаштаю бархостем
То ба дунё сулҳ бошад пойдор.
Ҷангҷӯён душманони молу ҷон,
Афкананд оташ ба боғу киштзор.
Ганҷи ранҷи халқ хокистар кунанд,
Тира бинмоянд рӯзи навбаҳор,
Оҳи сарду хуни гарми халқро
Мол кардан менамоянд орзу.
Ҷумла як тан гашта, мо бархостем,
Пок олам то шавад ҷангҷӯ.
Эй, ки мехоҳед сӯзонед даҳр,
Тира созед осмони софро,
Меравад барбод мақсуди шумо,
Хунталаб яғмогарон, ҷаллодҳо.
Ҷумла як тан гашта, мо бархостем,
То замини нозанин бошад амон.
Ҷумла як тан гашта, мо бархостем,
То ҷавон монад ҷавонии ҷаҳон!
Мешавад фирӯзтар фардои мо,
Мешавем аз ранҷи худ мо комъёб,
Монда зери оташи сӯзон чаро
Шаҳрҳо гардан вайрону хароб!
Не, нахоҳанд сӯхт дигар шаҳрҳо,
Сулҳ монад, сулҳ ар рӯи замин.
Ҷумла як тан гашта мо бархостем,
То нахезад боз хасми одамин!
Чашмҳои ҳар киро, ки боғазаб
Мекунад наззора бар заҳматкашон,
Зери доман карда пинҳон симу зар,
Ҳамчун море заҳр дорад дар даҳон,
Кӯр бимонем, бимонем кӯр,
Токи ёди ҷанг нанмояд дигар.
Ҷумла як тан гашта, мо бархостем,
То наборад оташи сӯзон ба сар.
То нагардад хоки Кашмири азиз
Чун замини Корея аз ҳам ҷудо.
То дар Амритсар боз ҳам
Хуни поки одамони бегуноҳ;
Дар деҳоту шаҳрҳою кӯчаҳо
То нагардад сахт рӯзи духтарон,
Ҷумла як тан гашта, мо бархостем
То нагардад талх айши дилбарон!
Муаллиф: (Шоири Хиндустони (Ҳинд)) — ГУРЧАРАН РАМПУРӢ
Муаллиф: ГУРЧАРАН РАМПУРӢ