Чингилак му дори

jingilak_duxtar

Ин шимми васеъ дар тани ту танг афтод,
Пӯшидани мӯди мо ба тани ту нанг афтод.
Ҷингилак мӯ дорӣ,
Мӯи хушрӯ дорӣ,
Дар пушти сару дар ду барии рӯ дорӣ.

Куртат алача, домани куртат алача,
Аз духтаракон фарқ накардат оча.
Ҷингилак мӯ дорӣ,
Мӯи хушрӯ дорӣ,
Дар пушти лабу дар барии рӯ дорӣ.

Кафши ту баланду наъли кафши ту баланд,
Раҳ гаштани ту мисли шутурҳои лаванд.
Ҷингилак мӯ дорӣ,
Мӯи хушрӯ дорӣ,
Зулфони каҷак дар ду бари рӯ дорӣ.

Ҳар ҷиллаи ту зумурраду марворид,
Нозу нузи ту аз лабу рӯяд шорид.
Ҷингилак мӯ дорӣ,
Мӯи хушрӯ дорӣ,
Думи кафтар ворӣ, зулфи духтар ворӣ.

Ин лафзи туро оча нафаҳмад чи кунад?
Ан нӯги забони ту магас муччӣ кунад!
Ҷингилак мӯ дорӣ,
Мӯи хушрӯ дорӣ,
Сип сияҳ дуд ворӣ, тоҷи ҳуд-ҳуд ворӣ.

Муаллиф (Шоир): Нӯъмон Розиқов
1980 сол.
Сарчашма: Китобчаи «Овозаю овоза»

Номи назм: Ҷингилак муй дорӣ

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед