ЁД ДОРӢ?
Ёд дорӣ соатеро, ки ба бар
Куртаи парпаргиребон доштӣ?
Бо табассум сӯи ман меомадӣ,
Рӯи раҳ нозу адо мекоштӣ?
Ёд дорӣ соатеро, ки ба ту
Мисли тифли навзабон гап мезадам,
Дар дилам сад достон буду вале
Ларз-ларзон пеши ту меомадам?
Ёд дорӣ бегаҳеро, ки ба боғ
Аз таҳи бозуи ту медоштам,
Завқ мекардию қаҳ-қаҳ мезадӣ,
Ноз мекардию мебардоштам?
Оҳ, мебинам туро ҳоло дигар,
Дар бари рухсораат чину шикан.
Ёд меояд маро з-айёми нек,
Ки ҷавонӣ буду ту будию ман.
Олами пиндори ишқу ошиқӣ
Пеши чашмонам нагардида падид,
Пардаи пиндор нобардошта,
Байни мову ту ҷудоӣ даррасид.
Зиндагонӣ бурд аз наздат маро,
Бурд бо сад роҳҳои печу хам.
Гарчи аз ёдам нарафтӣ, лек ман
Дур будам, дур аз ту, эй санам.
Солҳо рафтанд, танҳо ҷуфт шуд,
Зеби кокул шуд гулу афтид боз,
Ман ҳамонам, ки туро мехостам,
Ман ҳамонам, ки ба ту дорам ниёз.
Ҳар чӣ буд, бигзашт, ҳоло модарӣ,
Шодмонӣ дорӣ аз фарзандгон.
Илтиҷо дорам, ки манмо зишт ёд,
Ҳар чӣ буд, бигзашт, бигзашт аз ҷаҳон.
Лек гоҳе ёд кун з-он бегаҳе,
Ки зи банди дасти ту медоштам.
Зиндагӣ буд – зиндагии ошиқӣ:
Ноз мекардию мебардоштам.
1.9.1963