Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавой доштй
Тирамоҳи ман, баҳори ман куҷост?
Бебарорам ман, барори ман куҷост?
Хушкдасту хушклаб мондам, дареғ,
Бӯсаҳои гарми ёри ман куҷост?
Дар кафам монда кафи хокистаре,
Он ҳама барқу шарори ман куҷост?
Дилбарони дилфигорам гӯшагир,
Мавсими пурбаргубори ман куҷост?
Дар дили шабҳо дилам сих мезанад
Он дили шабзиндадори ман куҷост?
Эй фалак, хуршеди ту ҷонам бисӯхт,
Офтоби рӯзгори ман куҷост?
1978
♦ ♦ ♦
Замингиру фалаксоӣ, дили ман,
Намедонам чӣ дунёӣ, дили ман.
Зи ақсои ту сад дунё гузар кард,
Чӣ паҳноӣ, чӣ паҳноӣ, дили ман.
Гаҳе орому гоҳе масти туғён,
Чӣ дарёӣ, чӣ дарёӣ, дили ман.
Каноратро надонистам чӣ ҳаддаст,
Чӣ саҳроӣ, чӣ саҳроӣ, дили ман.
Зи буда дилзада, розӣ ба нася,
Зи худ як дам наосоӣ, дили ман.
Зи кулли дидаат нодидаат беҳ,
Чӣ кӯриву чӣ биноӣ, дили ман…
♦ ♦ ♦
Чун шумо кай даъвии унвони боло мекунам,
Чанд рӯзе санъати дилро тамошо мекунам.
Дар дили ман чор фасли рӯзгори олам аст,
Саҳни дилро рафта-рафта саҳни дунё мекунам.
Рӯзии худро на танҳо аз сарири хомаам,
Аз дами шеру дами шамшер пайдо мекунам.
Зардрӯӣ мекашам аз сахтрӯиҳои хеш,
Дар замин бо осмон худро шиносо мекунам.
Ҳаққи худ имрӯз настонам агар дар зиндагӣ,
То абад дар зери хоки сард даъво мекунам.
Зиндагӣ! Бо рафти дарёят нахоҳам бел зад,
Гар муросо мекунӣ бо ман, муросо мекунам’
1978
♦ ♦ ♦
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавоӣ доштй,
Дар дили худ нашъаи кайҳонкушоӣ доштӣ.
Медавиди ҳамраҳи ман байни гулҳо тул ба даст,
Пеши рӯи навбаҳоре худнамоӣ доштӣ.
Гул ба кокул мезадӣ, чаҳ-чаҳ чу булбул мезадй.
Дар ҷаҳони фонӣ як дам бефаноӣ доштй
Бехудо будиву бехуда аз ҷунуни ошиқӣ,
Бар дили маҷнуни ман ҳукми худой доштй.
Кокулафшон мешудй, ман ҷонфишонат мешудам,
Ҳам ту бо ман ҳар замоне ҷонфидой доштй.
Лоиқи васли ту будам. ин замон нолоиқам,
Ёди айёме, ки бо ман ҳамнавой доштй. 1978