Ёди ман

Ба ёди лаҳзаҳои ошиқона,
Мисоли ман намехоби ту шабҳо?
Навишта васфи ишқат шоирона,
Намемонам туро ҳаргиз, танҳо.

Лаби соҳил ба мисли ду кабутар,
Ҳамеша пеши чашмам, дар хаёлам.
Ба зери шим-шими борон шуда тар,
Кунун дурем, бинолию бинолам.

Кунун нестию ҳоли ман шуда сабр,
Бикун бовар ки рӯзе боз оям.
Шавад рӯзе самоям софи беабр,
Дуо кун ҷони ширин аз бароям.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед