Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷахон надорад

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷахон надорад,

Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад.

Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидам,

Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад.

Хар шабнаме дар ин раҳ сад баҳри оташин аст,

Дардо, ки ин муъаммо шарҳу баён надорад.

Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,

Эй сорбон фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад.

Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,

Бишнав, ки панди пирон, ҳеҷат зиён надорад.

Эй дил, тариқи риндӣ аз мӯҳтасиб биомӯз,

Маст асту дар ҳаққи ӯ, кас ин гумон надорад.

Аҳволи ганҷи Қорун, к-айём дод бар бод,

Дар гӯши дил фурӯ хон, то зар ниҳон надорад.

Гар худ рақиб шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон,

К-он шӯхи сарбурида банди забон надорад.

Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз,

Зеро ки чун ту шоҳе кас дар ҷаҳон надорад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед