
Ёрӣ
Яке борон шуд
Сели калон шуд
Дар деҳи хомӯш
Доду фиғон шуд:
“Бузғоларо бурд”
“Гусоларо бурд”
Аз чор ҷониб
“Баргиру мон” шуд
Рафтам ба ёрӣ
Ман ихтиёрӣ
Бузғоларо сел
То бар миён шуд
Кардам раҳо ман
Онро зи мурдан
Очам бигуфто:
“Кори калон шуд!”
Муаллиф: Ноъмалум муаллиф
Шарҳи худро нависед