Ёрам омад
Дар дайри муғон омад ёрам қадаҳе дар аст,
Маст аз маю майхорон аз наргиси масташ маст.
Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо,
В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст.
Охир, ба чӣ гӯям ҳаст, аз худ хабарам чун нест,
В-аз баҳри чӣ гӯям нест, бо вай назарам чун ҳаст ?
Шамъи дили дамсозон биншаст, чу ӯ бархост,
В-афғони назарбозон бархост, чу ӯ биншаст.
Гар ғолия хушбӯ шуд, дар гесӯи ӯ печид.
В-ар вусма камонкаш гашт, дар абрӯи ӯ пайваст.
Бозой, ки бозояд умри шудаи Ҳофиз,
Ҳарҷанд, ки н-ояд боз, тире, ки бишуд аз шаст.
Шарҳи худро нависед