ҶӮИ НАВ
Дил ин ки табаҳ шуд ки шавад шоду нашуд – шуд,
Хун шуд ки шавад аз қафас озоду нашуд – шуд.
Гар халқ ҷигарсухта гардид ки хокаш
Аз ҷӯи саодат шавад ободу нашуд – шуд.
Пур шуд агар аз дод фазо к-аз асари он
Холӣ шавад ин хона зи бедоду нашуд – шуд.
Ин низ ки шуд рехта хунҳои гиромӣ
То халқ шавад дар зафар устоду нашуд – шуд.
Ин ҳам ки ба дарёи алам ғарқа бишуд ҷон
То ҷаҳл шавад яксара барбоду нашуд – шуд.
Шуд обилапо халқ расад то ба навое,
Беғам шавад; ар дарбадар афтоду нашуд – шуд.
1947.
Муаллиф: Абулқосими Лоҳутӣ
Шарҳи худро нависед