
КӮҲСОРИ БАДАХШОН
Фурӯғи эзадӣ дар рӯйи кӯҳ аст,
Маро бӯйи биҳишт аз бӯйи кӯҳ аст.
Чӯ кӯҳам парвариду кӯҳзодам,
Чу тифле майли ман бар сӯйи кӯҳ аст.
Зи пири кӯҳ ҳикматҳо зиёд аст,
Китоби зиндаи мо умрбод аст.
Маро аз синаи ин пири доно
Дурахшон лаъли зебои мурод аст.
Агарчи қалби ман захми адӯ хурд,
Басе дарду ҷафо ҷонам биозурд.
Кушодам қуфли ғамҳоро, кушодам,
Ки ӯ бар ман калиди сабр биспурд.
Ҳама буду набуди ман бувад кӯҳ,
Тамоми тору пуди ман бувад кӯҳ.
Ба ҷуз ин қалби сода, қалби пурмеҳр
Виқори ман, вуҷуди ман бувад кӯҳ.
Дамида чашмаҳо аз пайкари санг,
Зи файзи дасти Хизр аст ин ҳама ранг.
Сафо дорад зи Кавсар чашмаҳояш,
Бувад ҳар деҳае дар домани нанг.
Саҳар бахшад ба кӯҳистон ҷалоле,
Рухи шед оварад фархундафолӣ,
Шафақ бо килки худ дар дафтари кӯҳ
Нависад ҳарфҳои безаволӣ.
Халоиқ дар куҳистон комрон аст,
Ҳавои тоза нерӯи равон аст.
Забонаш пок мисли рӯдҳояш,
Дилаш бо обшорон ҳамзабон аст.
Чу имон муттакои мо бувад кӯҳ,
Чу савганди ниёи мо бувад кӯҳ.
Дар он садҳо дари эъҷоз боз аст,
Наҷоти мо, бақои мо бувад кӯҳ.
Куҳистон ҳаст мулки сидқу имон,
Парӣ рақсад ба савти чашмасорон.
Малоик ҳар нафас бошад дуогӯ,
Ки то бошем дур аз деву шайтон.
Бадахшон бо баландӣ гашт мумтоз,
Бишуд бо қуллаҳои худ сарафроз.
Ду дасти халқ боли орзу шуд,
Биомухт аз уқобон дарси парвоз.
Бувад меҳроби ман ҳар санг дар кӯҳ,
Хаёлам ҳаст рангоранг дар кӯҳ.
Бувад ҳар зодаи ӯ қалъаи сабр,
Бидорад зинда моро нанг дар кӯҳ.
10.05.2022
Муаллиф: Рудобаи Мукаррам