ҚАБОИ НАВАРӮСОН

Маро аз меҳру армон офариданд,
Барои ман туро ҷон офариданд.
Туро ҳусну ҷамоли хубрӯён,
Маро шайдои даврон офариданд.
Ту хушрӯӣ, ту хушнӯӣ, ту хушбӯ,
Маро мафтун ҳайрон офариданд.
Дили мо хун шуда аз беқарорӣ,
Туро дил мисли сандон офариданд.
Қабои ноз баҳри наварӯсон
Зи барги ёсу райҳон офариданд.
Ту ҷони манӣ, ҷононаи манн,
Ба ман ин гона ҷонон офариданд.
Дуоғуи ту бошад, кош, Мирзо,
Ба луфти поки Яздон офариданд

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед