КАДХУДОИ ХОНИ МАРДУМ

Эй кадхудои хони мардум,
То кай кадхудой зи нони мардум?
Дӯкони саховати ту баста,
Бикшода мудом дӯкони мардум.
Ҳатто, ки ба як пиёлаи чой,
Ту тар накунӣ даҳони мардум.
Як нон ба гадой ҳам надода,
Ҳай мехӯрӣ нон зи хони мардум.
Монанди ту халқ хасис кам дид,
Афсона ту дар забони мардум.
Эҳсони ту кас ба ёд надорад,
Ҷони ту фидо ба ҷони мардум.

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед