Кай дигар мекофтам ёри дигар
Гар туро меёфтам бори дигар,
Кай дигар мекофтам ёри дигар.
Гар паноҳам буд девору дарат,
Сар намесудам ба девори дигар.
Мехаридӣ гар маро, ҳоло набуд
Дар сарам савдои бозори дигар.
Гар насибам буд оғӯшат зи умр,
Ишқи моро буд осори дигар.
Гар ту будӣ ёри ман, ёри ту буд
Шоири дигар, ҳам ашъори дигар…
1982
Шарҳи худро нависед