Кайфи зиндагӣ нест
Шамолу шаб, шамолу шаб, сафо нест,
Ситора дар навори кибриё нест.
Дили ман орзуманди надорад.
Дилам дигар ба дунё ошно нест.
Ғараз ҳам нест, ишқу шавқ ҳам на,
Барои ҳақ маҷоли моҷаро нест.
Ман аз оинаҳо ранҷидахотир.
Чаро ки ихтитоме бар риё нест.
Чароғи кучаҳо маҳзуну ранҷчур,
Ки танҳоии дунё бебало нест.
Зи охи ман наметарсӣ ки гардун,
Чу мо куру кару бедаступо нест.
Вабо дарси ҷазобори қазо буд,
Ки гуфто ин бадиҳоро ҷазо нест.
Набинад ғам Худоё қавми одам,
Ки бе у дар ҷаҳони мо садо нест.
Набинад ғам Худоё одамизод,
Ки бе у ишқи поки кибриё нест….
Шарҳи худро нависед