Камоли

Камоли ошиқӣ дорад дили девонаи дарё.
Миёни арсаи паҳновару пурҷӯши соҳилҳо
Чу Рустам менамояд дови пирӯзонаи дарё.
Зи қатра мешавад оғоз туғёни ҷаҳонгираш
Надорад интиҳое ишқи озодонаи дарё.
Дар ин дашти тапишҳо хоби харгӯшӣ аст,
Куҷоӣ, шери дарё, наъраи шеронаи дарё!
Парии ишқи ман аз об берун шуд, зи сар то пош
Бирезад қатраҳои об чун дурдонаи дарё.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед