КАМПИРОНИ ҒОРАТГАР
Ҳар ҷо худой ё тӯй
Он кампирони пургӯй
Ҳозир шаванд дар он ҷо
Шинанд бо ҳам рӯ ба рӯ.
***
Карда насиҳат бисёр
Ба мардуми ин диёр,
Ба хотир ҳаст, чӣ гуфтанд?
Фикре куну ба ёд ор.
Ҳар кас зи ҳақи мардум
Чизе хӯрад маълум,
Мешавад андар шикам
Чу заҳри мору каждум.
***
Худ кампирони носеҳ
Хароб кунанд чанд деҳ,
Вақте, ки бухча бастанд
Маҳкам бубастанд гиреҳ.
***
Дар дастархони мизбон
Не қанд дигар, не нон,
Ҳар чи диданд гирифтанд
Бечора мизбон ҳайрон.
***
Як реза нон намонда
Дастархонро таконда,
Хеста ба хона рафтанд
Аз асру пешин монда.
***
Кампирҳои ғоратгар
Аз азоби рӯзи маҳшар,
Агар, ки метарсиданд
Инсоф мекарданд камтар.
Шарҳи худро нависед