Канори

Канори об биншинам, ки шояд дар канор ояд
Паримоҳии армонҳоям аз кошонаи дарё.
Чу андар синаи ман ганҷи ишқи он паримоҳист,
Умеди ҳадя дорам аз кафи шоҳонаи дарё.
Қарорам нест дар ёди паридарё, вуҷудамро
Гирифта беқарории шаборӯзонаи дарё.
Диламро бишканад ҳар дам шикан андар шикан гесӯш,
Нанолам чун зи бозии ситамкешонаи дарё.
Лаби соҳил тар аст, аммо ҳамора ташна хоҳад буд
Ба ёди бӯсаҳои шӯри муштоқонаи дарё.
Ту гӯӣ ҷумла нозу ишваву таннозии хубон
Фароҳам сохта хамёзаи субҳонаи дарё.
Зи мавҷи худшикан дидам, ки худро ҷамъ меорад

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед