КАСАЛИИ НОГАҲОНИ

Сардори идораи калоне
Бандафс мисолиаждҳое
Часпида ба мизи мансаб умре
Монанди ширеши дерпое
Як рӯз намуд об майнна
Гардид ба фикр мубталое
Мӯъҷизаи тоза кард эҷод
Дар олами макру иддаое:
Ногоҳ касал бихонд худро
Аз хона нарафта ҳеҷ ҷое
Овозаи дарди ӯ ба ҳар сӯ
Шуд паҳн чу барқ дар самое
З-ин аҳли идора дар таку дав
Гардид ҳама ба оҳу вое.
Как даст назад бак кор дигар
Ҳар як шуди гӯи дар азое
Мегуфт якеш хоҳу нохоҳ
Бар ҳоҷа худо диҳад шифое
Дигар ба ҷавоб ҳарф мезад:
Ҷӯем ба дарди ӯ давое…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед