Касб — Хунар

Куҷо коҳилӣ тирабахтӣ бувад,
Ба ӯ бар ҳаме ранҷу сахтӣ бувад.
Ки чун коҳилӣ пеша гирад ҷавон,
Бимонад манишпасту тираравон.

Ҳунар беш бинӣ зи гуфтори манн,
Маҷӯй андар ин кор тимори манн.
Зи мо эминӣ хоҳу чора масоз,
Ки бар чорагар кор гардад дароз.

Чӣ гуфт он сухангӯӣ озодамард,
Ки озодаро коҳилӣ банда кард.
Ба хоб андар аст он ки бекор гашт,
Пӯшаймон шавад, чунки бедор гашт.

Чӣ гуфт андарин муъбади пешрав,
Ки ҳаргиз нагардад кӯҳан гашта нав.
Ту чандон, ки бошӣ сухангӯй бош,
Хирадманд бошу ҷаҳончӯй бош.

Машав дар ҷавони харидори ганҷ,
Ба бе ранҷ кас, ҳеҷ манмой ранҷ.
Нахустин ба нарми сухангӯй бош,
Ба доду ба кӯшиш беохӯй бош.

Бипурсид то човидон дӯст кист?
Зи дарди ҷудоӣ ки нахоҳад гирист?
Чунин дод посух, ки анбоз мард,
Накоҳад, насӯзад, натарсад зи дард.

Фидои ту бодо тану ҷони мо,
Чунин буд то буда паймони мо.
Ҳама сар ба сар некхохи тӯем,
Ки зинда ба фарри кулоҳи тӯем.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед