ХАНДАИ ҶОНОНА

Хандаҳои дилкаши мастонаи ҷононаро
Кӯҳҳо бишнида, хандиданд бо акси садо.
Бод оҳиста вазида бо навозиш сӯи дашт,
Майсаҳои кӯҳро алвонҷ дода мегузашт.
Обҳо ҷорӣ шуда бо як суруди дилписанд,
Ҷониби дашти ҷигарбирён шитобе доштанд.
Баргирифта дасти якдигар ману гулдухтаре,
Духтари хушлаҳҷае, шӯхе, тасаллопарваре,
Сархуш аз дидори ҳам, мо завқи беҳад доштем,
Бар забонҳо нуктае аз бахти сармад доштем…
Кош ин сон доимо хандад ба сӯи ман нигор,
Кош бошад мисли завқи ӯ садои рӯзгор.
Ишқ бошад, меҳр бошад, ҳам амонӣ дар ҷаҳон,
Завқ бошад, ханда бошад, ҳам вафои дӯстон.
Кӯҳҳо, фахред аз ишқи мани дилбохта,
Кӯҳҳо, хандед, акси завқи ҷонон сохта!
То ки нанмоед акс овози оҳу ноларо,
Оҳи ҷонсӯзи дили дар ишқи ҷонон воларо,
Кӯҳҳо, хандед, оҳанги вафо бинвохта,
Ибрате аз шавқи дилҳои ҷавон пардохта!
1961

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед