Умари Хаём — Рубоиёт 5

190
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз чаҳл, ки донои чаҳон эшонанд.
Хар бош, ки онон зи хари чандонанд,
Хар, к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
191
Бадхоҳи касон ба ҳеч мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки бо сараш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳаму тухоҳи бади ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
192
Бар пушти ман аз замона ту меояд,
В-аз ин ҳама кор нонаку меояд.
Чон азми раҳил кард, гуфтам: «бимарав»,
Гуфто: « чи кунам хона фуру меояд».
193
Бар чархи фалак ҳеч касе чир нашуд,
В-аз хурдани одами замин сер нашуд.
Мағрур бад они, ки нахурдаст туро,
Таъчил макун, ҳам бихурад, дер нашуд.
194
Бо махрухе бар лаби чую маю вард,
То ҳаст муяссарам тараб хоҳам кард.
То будаму ҳастаму хоҳам будан,
Май мехураму хурдааму хоҳам х(в) ард.

195
Бар ман қалами қазо чу бе ман ронанд,
Пас неку бадаш чаро зи ман медонанд?
Ди бе ману имруз чу ди бе ману ту,
Фардо бо чи ҳуччатам ба довар хонанд.
196
Бемораму дил дар имтиҳонам дорад,
Нохурдани май қасд бар чонам дорад.
В-ин турфа бувад, ки ҳар чи дар бемори,
Чуз бода хурам, ҳама зиёнам дорад.
197
Бо ин, ки шароб пардаи мо бидарид,
То чон дорам нахоҳам аз бода бурид.
Ман дар ачабам зи май фурушон, к-эшон,
Беҳ з-он чи фурушанд, чи хоҳанд харид.
198
Бо май ба канори чуй мебояд буд,
В-аз гусса канорачуй мебояд буд.
Чун умри гаронмояи мо дах руз аст,
Хандонлабу тозаруй мебояд буд.
199
Пиронасарам ишки ту дар дом кашид,
В-арна зи кучо дасти ману чому набид.
Он тавба, ки акл дод, чонон бишикаст,
В-он чома, ки сабр духт, айём дарид.
200
Пиронхонаи умр чокхо хохад шуд,
В-ин нафси азиз хокхо хохад шуд.
Хар торуму токхо, ки афроштаанд,
То дарнигари, магокхо хохад шуд.
201
Пири сару барг дар хароби дорад,
Гулнори рухам ба ранг обе дорад.
Бому дару чор рукну девори вучуд,
Вайрон шудаву ру ба хароби дорад.
202
То чанд асири рангу бу хохи шуд?
Чанд аз паи хар зишту наку хохи щуд?
Гар чашмаи Замзамиву гар оби хаёт,
Охир ба дили хок фуру хохи шуд.
203
То рохи каландари напуи, нашавад,
Рухсор ба хуни дил нашуи, нашвад.
Савдо чи пази? То ки чу дилбохтагон,
Озод ба тарки худ нагуи нашавад.
204
То хонакаху мадраса вайрон нашавад,
Ин кори каландарон ба осмон нашавад.
То имкон куфру куфр имкон нашавад,
Як марди хакикати мусулмон нашавад.
205
Умрат то кай ба худпарасти гузурад?
Ё дар паи нестиву хасти гузарад.
Май хур, ки чунин умр, ки гам дар паи уст,
Он бех, ки ба хоб ё ба масти гузарад.
206
Тавба макун аз май, агарат май бошад,
Сад тавбаи нодимот дар пай бошад.
Гул чомадарону булбулон нолазанон,
Дар вакт(ё) чунин тавба раво кай бошад?.

Муаллиф: >

Шарҳи худро нависед